оҳанги: Ш.Сайфитдинов
шеъри: Б.Рахимзода ва М.Фарход
Дари дилро ба рӯят во намудам,
Туро дар дидаву дил ҷо намудам,
Ба ҷисму ҷони худ маъво намудам,
Ба васфат шеъри нав иншо намудам.
Нақарот:
Дилу дилдор Республикаи ман,
Дилу дилдор Республикаи ман,
Ба шуҳрат ёр, ба шуҳрат ёр,
Республикаи ман, Республикаи ман,
Ба гардун сар кашидааст кӯҳсорат,
Заравшон даштҳои беқанорат,
Хурӯшон наҳрҳои нуқраворат,
Зафарманд аст халқи номдорат.
Нақарот.